close
Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Соли 2004

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз 2004)

2004

Солҳо
2000 · 2001 · 2002 · 2003 2004 2005 · 2006 · 2007 · 2008
Даҳаҳо
1980-ум · 1990-ум2000-ум2010-ум · 2020-ум
Садаҳо
садаи XX садаи XXI садаи XXII 

Соли 2004 (ду ҳазору чорум)-и тақвими григорӣ — соли кабиса аст, ки аз рӯзи панҷшанбе оғоз мешавад. Ин соли 2004-и мелодӣ, соли 4-уми даҳаи аввали асри 21.03-и ҳазораи 3.003, соли چҳоруми солҳои 2004-ум аст.


  • 17 май — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқиро ба имзо расонид. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №24 «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонун асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро муайян карда, масъалаҳои маблағгузорӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар чунин минтақаҳо ба танзим даровард. [1]
  • 17 май — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №38 «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» қабул гардид. Санади мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурдро муайян намуда, ба ташаккул ва рушди бозори хизматрасониҳои маблағгузории хурд ва дастгирии соҳибкорӣ равона шуда буд. [2]
  • 17 май — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №34 «Дар бораи маориф» қабул гардид. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодии рушди низоми маорифро муайян намуда, сохтори низоми маориф, принсипҳои идоракунӣ ва ваколатҳои мақомоти дахлдорро муқаррар кард. [3]
  • 17 май — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №28 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул гардид. Қонуни конститутсионӣ асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян намуда, масъалаҳои фаъолияти иқтисодӣ, молиявӣ ва муносибати онҳо бо моликияти ҷумҳуриявиро танзим кард. [4]

Ислоҳоти соҳаи маориф

  • 30 июнҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори №291 «Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004–2009»-ро қабул намуд. Қарор бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии моддии омӯзгорон қабул гардида буд. Мувофиқи қарор, аз 1 сентябри соли 2004 музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 25 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамзамон, меъёри сарбории таълимии омӯзгорони синфҳои 1–4 ба 18 соат ва синфҳои 5–11 ба 16 соат дар як ҳафта муқаррар гардид. [5].[6]
  • 15 июл — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 №45 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» қабул гардид. Мувофиқи қонун, татбиқи ҷазои қатл барои як қатор ҷиноятҳои дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, инчунин иҷрои ҳукмҳои қатл боздошта шуд. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл барои чунин ҳолатҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол пешбинӣ гардид. Қонун аз 30 апрели соли 2004 мавриди амал қарор дода шуд. [7]
  • 16 октябр — дар доираи созишҳои Тоҷикистону Русия мақоми ҳуқуқии ҳузури низомии дивизияи 201-уми тирандози моторикунонидашудаи Русия дар Тоҷикистон ба таври нав танзим гардид. Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон созишномаи таъсиси ҳузури доимии воҳидҳои дивизияи 201-умро ба имзо расониданд. Баъдан ин воҳиди низомӣ ба пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия табдил ёфт.[8][9]
  • Соли 2004 — шаҳри Душанбе барои саҳми назаррас дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамраъйӣ бо Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором сарфароз гардид. АМИТ «Ховар» ин рӯйдодро ҳамчун яке аз дастовардҳои байналмилалии пойтахти Тоҷикистон арзёбӣ намуда, қайд мекунад, ки Душанбе солҳои 2002–2003 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун «Шаҳри сулҳ» шинохта шуда, соли 2004 ба ҷоизаи мазкур сарфароз гардид. Ин ташаббус ба таҳкими мақоми Душанбе ҳамчун маркази баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва муколамаи сулҳ равона гардида буд. [10][11]
  • Соли 2004 — роҳи автомобилгарди Мурғоб–Қулма–Қароқорум ба истифода дода шуд. Ин масири нақлиётӣ Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваст намуда, барои рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвар аҳамияти стратегӣ пайдо кард. АМИТ «Ховар» дар маводи худ тасдиқ мекунад, ки роҳи мошингарди Мурғоб–Қулма соли 2004 кушода шудааст. [12]
  • Соли 2004 — Мувофиқи Азия-Плюс - Оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон ASIA-Plus, маҷмааи «Окно» дар Норак моҳи марти соли 2004 ба истифода дода шуда, барои назорат ва пайгирии объектҳои кайҳонӣ пешбинӣ гардида буд.[13]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №24 «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». ADLIA — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №38 «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд». ADLIA — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №34 «Дар бораи маориф». ADLIA — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  4. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 №28 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ». ADLIA — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 №291 «Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004–2009». ADLIA — Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 №291 «Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004–2009». ADLIA — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 №45 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл». ADLIA — Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  8. Пройден сложный путь. НИАТ «Ховар» рассказывает о том, как развивались Пограничные войска Республики Таджикистан. АМИТ «Ховар».
  9. Strength of Russian military base in Tajikistan partially renewed. Asia-Plus.
  10. Душанбе бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» қадрдонӣ гардид. АМИТ «Ховар».
  11. Душанбе бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» қадрдонӣ гардид. АМИТ «Ховар».
  12. Роҳи мошингарди Мурғоб–Қулма баста шуд. АМИТ «Ховар».
  13. Space-surveillance center in Norak officially transferred to Russia. Asia-Plus.