Соли 2003
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 2003)
| Солҳо |
|---|
| 1999 · 2000 · 2001 · 2002 — 2003 — 2004 · 2005 · 2006 · 2007 |
| Даҳаҳо |
| 1980-ум · 1990-ум — 2000-ум — 2010-ум · 2020-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2003 (ду ҳазору севум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи чоршанбе оғоз мешавад. Ин соли 2003-и мелодӣ, соли 3-уми даҳаи аввали асри 21.02-и ҳазораи 3.002, соли сеюми солҳои 2003-ум аст.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Март - Дар моҳи марти соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатии рушди маблағгузории хурд оғоз гардид. Ҳадафи он густариши дастрасии соҳибкорони хурд ва миёна ба хизматрасониҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ буд. Ин сиёсат баъдан ба ташкили низоми ташкилотҳои маблағгузории хурд ва рушди бозори молиявии кишвар мусоидат намуд.[1][2]
- Август - моҳи августи соли 2003 ҶСП «Аввалин Бонки молиявии хурд» (First MicroFinanceBank Tajikistan) баъди бақайдгирии давлатӣ таъсис ёфт. Дар моҳи сентябри ҳамон сол Бонки миллӣ ба он иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ дод. Бонк нахустин муассисаи бонкии махсусгардонидашудаи маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.[3][4][5]
- 8 декабр — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» қабул гардид. Қонун асосҳои ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисон ва низоми таҳсилоти баъдидипломиро муайян намуд.[6]
- * 23 декабр — Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатъномаи 58/217, ки бар асоси ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эъломияи Душанбе таҳия гардида буд, солҳои 2005–2015-ро «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”» эълон намуд. Ин ташаббус яке аз муҳимтарин иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об ба ҳисоб меравад.[7][8]
- Соли 2003 - Дар солҳои 2003–2005 бо ҷалби маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) татбиқи барномаи навсозии шабакаҳои алоқа оғоз гардида, марказҳои телефонӣ тадриҷан ба низоми рақамии АТС гузаронида шуданд. Ин барнома барои рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ аҳамияти калон дошт.[9]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – С. 555.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Republic of Tajikistan — Letter of Intent, Supplemental Memorandum of Economic and Financial Policies(англ.). International Monetary Fund. IMF (21 June 2003).
- ↑ Republic of Tajikistan — Letter of Intent, Memorandum of Economic and Financial Policies(англ.). International Monetary Fund. IMF (19 December 2003).
- ↑ ICB Tajikistan (First MicroFinanceBank). Wikipedia.
- ↑ Republic of Tajikistan — Letter of Intent(англ.). International Monetary Fund. IMF (21 June 2003).
- ↑ Republic of Tajikistan: Poverty Reduction Strategy Paper Progress Report(англ.). International Monetary Fund. IMF.
- ↑ Law on Higher and Postgraduate Professional Education (2003)(англ.). World Bank. World Bank.
- ↑ Tajikistan global initiatives within the UN(англ.). Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan. Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan.
- ↑ High Level International Conference on the implementation of the International Decade for Action "Water for Life", 2005–2015(англ.). Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan. Ministry of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan.
- ↑ Tajikistan – Telecommunications projects(англ.). European Bank for Reconstruction and Development. EBRD.